Ссылки доступа

Узбекистон мехоҳад, воксини русии зидди коронавирусро озмояд


Мақомоти Узбекистон мехоҳанд, воксини русии зидди COVID-19 озмоянд. Дар ин бора мақомоти беҳдоштии Русия рӯзи 21 сентябр хабар доданд.

Ба иттилои Роспотребнадзор, як ниҳоди беҳдоштии Русия, ахиран мақомоти тандурустии Узбекистон бо ҳамтоёни руси худ масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва сохтани воксини зидди ин вирусро баррасӣ кардаанд.

Ҷониби Узбекистон барои озмоиши воксини истеҳсолии Русия изҳори омодагӣ кардааст.

Русия 11 август эълом дошт, ки нахустин шуда дар ҷаҳон воксини зидди коронавирусро сохтааст. Кишварҳои ғарбӣ ба ин иддаои Русия шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG