Ссылки доступа

Дар Тошканд маъмури пулис ноболиғро латтукӯб кардааст (видео)


Diyor Boltayev

Шуъбаи пулиси ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд 22 сентябр зидди корманди худ Диёр Болтаев, ки ноболиғеро латтукӯб ва худсарона дар мошини шахсияш маҳкам кардааст, тафтишоти хидматиро оғоз намуд.

Дар ин бора маъмуре хабар дод, ки худро ёвари сардори пулиси Чилонзор подполковник Дилшод Азимов муаррифӣ кард.

Омбудсмени кӯдак дар Узбекистон Алия Юнусова 22 сентябр гуфт, парвандаи латтукӯби кӯдак аз сӯи маъмури пулиси Чилонзор таҳти "назорати қатъӣ" қарор дорад.

Ду блогер аз шаҳри Тошканд шоми 19 сентябр хабар доданд, ки корманди пулис кӯдакеро латтукӯб карда, дар мошинаш маҳкам кард. Блогерон ҳодисаро ба навор гирифта, ба пулис занг заданд.

Корманди пулис баъди маҳкам кардани кӯдак дар мошин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро ба блогерон нишон дода, мегӯяд, "ман нозир оид ба корҳи фаҳмондадиҳӣ ҳастам. Ин кӯдак дар шаб чӣ кор мекунад?".

Дар ҳуҷҷат номи маъмури пулис Болтаев Диёр навишта шудааст.

XS
SM
MD
LG