Ссылки доступа

Дар Туркманистон дучархасаворон барои надоштани тоскулоҳ ҷарима мешаванд


Туркменистан (иллюстративное фото)

Пулиси вилояти Марии Туркманистон боздошт ва ҷарима кардани дучархасаворонеро оғоз намуда, ки дар сар тоскулоҳ надоранд.

"Рӯзи якшанбе даҳҳо дучархасаворро дар роҳу кӯчаҳо боздошт карда, ба шуъбаи пулис, воқеъ дар кӯчаи Оғузхони Марӣ бурданд. Ҳар кадоме аз онҳоро 50-манатӣ ҷарима бастанд", - иттилоъ дод хабарнигори радио.

Бештари ин дучархасаворон мегӯянд, кормандони пулис дар аввал онҳоро нагуфтанд, ки барои чи боздошт шудаанд. "Ҳама ба якдигар суол медоданд, ки чӣ мо бояд шаҳодатномаи ронандагӣ медоштем ё имтиҳон месупоридем", - изҳор дошт як дучархасавори ҷаримашуда.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис танҳо баъд аз тартиб додани санад ва ҷаримабандӣ ба дучархасаворон гуфтаанд, ки ба хотири надоштани тоскулоҳ онҳо боздошт ва ҷарима шуданд.

Кормандони пулиси Марӣ гуфтаанд, ҷарима барои надоштани тоскулоҳ бори якум 50 манат, бори дувум 10 манат ва бори севум 250 манат хоҳад буд. Қурби расмии 1 доллар дар Туркманистон 3,5 манат аст.

XS
SM
MD
LG