Ссылки доступа

Алексей Навалний аз бемористони Charité рухсат ёфт


Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний аз бемористони Charité-и Олмон рухсат ёфт. Вай дар ин бемористон баъди заҳролудшавӣ табобат мегирифт.

Аз бемористони Charité хабар доданд, ки вазъи сиҳатии Навалний беҳтар шудааст. Дар маҷмуъ вай дар беморхонаи мазкур 32 рӯз табобат гирифт, ки 24 рӯзи он дар шуъбаи эҳё қарор дошт.

Пизишкони олмонӣ комилан сиҳат шудани Навалнийро аз эҳтимол дур намедонанд.

Ба иттилои нашрияи фаронсавии Le Monde, рӯзи 14 сентябр президенти Русия Владимир Путин дар суҳбат бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон гуфтааст, эҳтимол дорад, Алексей Навалний худро заҳролуд карда бошад.

Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст. Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад.

Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.

XS
SM
MD
LG