Ссылки доступа

Зиндонии муттаҳам дар "таблиғи терроризм"-ро дар Қазоқистон бистарӣ мекунанд


Жулдизбек Таурбеков, зиндонии 41-сола дар Қазоқистон, ки бо айби "тарғиби терроризм" ва "барангехтани адоват" маҳкум ва дар зиндони шаҳри Петропавловск нигаҳ дошта мешавад, ба беморхонаи маҳбас дар шаҳри Павлодар интиқол меёбад.

Аммо модари вай Асемгул Жаугашева мегӯяд, писараш набояд айни замон ба беморхонаи Павлодар интиқол ёбад. Зеро иқлими Павлодар сардтар аст ва мумкин аст, вазъи сиҳатии писараш бадтар шавад. Ба илова, рӯзи 1 октябр баррасии дархости писараш барои озодии пеш аз муҳлат муҳокима мешавад ва мебояд, вай дар он рӯз дар зиндони Петропавловск бошад.

Аммо мақомоти маҳбаси Петропавловск гуфтанд, ҳифзи ҳаёти маҳбус Жулдиз Таурбекова муҳим аст ва ба ин далел ӯро фавран ба беморхона интиқол медиҳанд.

Таурбековро нахуст дар додгоҳи шаҳри Алмато маҳкум ба зиндон ва баъдан ба Петропавловск интиқол доданд.

Таурбеков рӯзи 6 январи соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Таурбеков яке аз нуҳ тане аст, ки дар доираи парвандаи паҳнсозии ақидаҳои тундгароёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Парвандаи мазкур дар гузоришҳои департаменти давлатии ИМА зикр шудааст. Мақомоти ИМА дар дурустии ин парванда шубҳа кардаанд.

XS
SM
MD
LG