Ссылки доступа

Интихобот-2020: дар Бишкеки Қирғизистон иқдоми "Зидди ҳама" баргузор шуд


Фаъолони шаҳрвандӣ ва аъзои Ҳизби сабзи Қирғизистон рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми "Зидди ҳама"-ро баргузор карданд.

Ширкатдорони иқдом аз поймолшавии қонунгузорӣ дар маъракаи интихобот шикоят доранд. Онҳо ҳамзамон гуфтанд, зидди тағйири қитъаҳои раъйдиҳӣ тавассути санади маъруф ба №2, низои байни ҳизбҳо ва вайронсозии тартибот дар ҷараёни таблиғот ҳастанд.

Пулис бо даъвои ин ки иқдом ҳамоҳангношуда аст, аз ширкатдорон хост, пароканда шаванд. Аммо ширкатдорон талаби пулисро иҷро накарданд.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр барпо мешавад. Дар ин интихобот 16 ҳизб ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG