Ссылки доступа

Макрон хост, як ҳайат зери сарпарастии СММ ба Шинҷон фиристода шавад


Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар пайи нигарониҳо аз поймол шудани ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла уйғурҳо дар Чин даъват кард, ки зери сарпарастии СММ як ҳайат ташкил ва ба минтақаи Шинҷон фиристода шавад.

Ин даъвати Макрон ҳангоми суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ рӯзи сешанбе сурат гирифт. "Нигарониҳое, ки ҳамаи мо дар робита ба вазъи ақалиятҳои мусулмони уйғур дар Чин дорем, бояд ба назар гирифта шаванд", - изҳор дошт ӯ.

Бино ба хабарҳо, зиёда аз 1 миллион уйғур ва намояндагони ақалиятҳои дигари миллӣ дар минтақаи Шинҷони Чин дар "марказҳои бозтарбияи сиёсӣ" иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд. Вале Пекин ин иддаоро рад карда, мегӯяд, онҳо "марказҳои бозомӯзӣ" ҳастанд, ки барои мубориза бо ифротгароӣ ташкил шудаанд.

Вашингтон ахиран фишорҳо ба Чинро ба далели муносибаташ бо уйғурҳои мусулмон сахттар кард.

XS
SM
MD
LG