Ссылки доступа

Дар Тошканд маркази COVID-19 бо зарфияти 1000 кат таъсис шуд


Дар ноҳияи Учтепаи шаҳри Тошканди Узбекистон маркази қабул ва тақсими мубталоёни вабои коронавирус таъсис шуд.

Бобур Мирзоев, муовини ҳокими ноҳияи Учтепа шоми 23 сентябр гуфт, ки ин марказ бо кӯмаки "соҳибкорони саховатпеша" бунёд шудааст.

Дар рӯзи нахустини кушодашавии марказ 50 бемор ба он муроҷиат кардааст. Қарор аст, барои кор дар ин марказ 750 корманди соҳаи тиб қабул шавад.

"Айни замон дар марказ 72 кас кор мекунад, ки аз ин ҳисоб 60 тан пизишку парастор ҳастанд ва 12 тани дигар эҳсонкорон", - гуфт Бобур Мирзоев.

То ин замон дар шаҳри Тошканд се маркази қабули гирифторони вабои коронавирус бо зарфияти 1000 кат, 520 кат ва 750 кат таъсис шуда буд.

XS
SM
MD
LG