Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон як зан дар эътироз ба "меҳнати иҷборӣ" қасди худкушӣ кардааст


Шахноза Бахромова в больничной палате. Фото сделано 23 сентября 2020 года.

Корманди 45-солаи иттиҳодияи сокинони маҳаллаи "Боғишамол" дар ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон Шаҳноза Баҳромова 23 сентябр баъди талоши худкушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст.

Ин зан пас аз ба ҳуш омадан, дар қасди худкушияш кормандони Идораи дастгирии маҳалла ва хонаводаҳои вилояти Қашқадарёро айбдор кард. Ба гуфтаи Баҳромова, ӯ баъди танбеҳ гирифтан аз сӯи кормандони идораи мазкур барои ҷалб накардани теъдоди кофии одамон ба пахтачинӣ қасди худкушӣ карда, сирко нӯшидааст.

Баҳромова дар номаи пеш аз маргаш навишта, ки дар эътироз ба меҳнати иҷборӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахта дар Косон" тасмим гирифтааст, худкушӣ кунад".

"Чаро мардум барои давлат танҳо дар мавсими пахтачинӣ лозим мешавад? Вақте мардум роҳ, барқ, газ ва адолат мехоҳанд, давлат назорати ҳаводиси ҷориро беҳтар мешуморад. Ман аз дуруғнависӣ, ки ҳама чиз дар мо хуб аст, хаста шудам. Таҷрибаи меҳнати иҷборӣ дар Косон идома дорад", - афзудааст Баҳромова.

Сокини Косон сабаби қасди худкушияшро чунин навиштааст, "Се сол мешавад, дар маҳалла кор мекунам. Бо вуҷуди он ки тамоми фармоишҳои маъмурияти ноҳияро иҷро мекунам, раиси шуъбаи дастгирии маҳалла ва хонаводаи ноҳия Нодира Қодирова дар Телеграм навиштааст, ки гӯиё ман ҳеч коре намекунам. Маро барои он "сиёҳ" карданд, ки теъдоди кофии одамонро ба пахтачинӣ ҷалб накардам".

Аммо муовини раиси ноҳияи Косон ва ҳамзамон раиси шуъбаи дастгирии маҳалла ва хонаводаи ноҳия Нодира Қодирова гуфт, ба Баҳромова ҳеч гуна фишоре наовардаанд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар Косон меҳнати иҷборӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG