Ссылки доступа

Раҳматилло Зоиров гуфт, ки шахсони ношинос ба ӯ ҳамла кардаанд


Рахматилло Зойиров

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла кардаанд.

Раҳматилло Зоиров рӯзи 24-уми сентябр гуфт, ҳамлаварон ду нафар буданд ва "аз пушт зарба заданд". Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса ибрози бехабарӣ карданд.

Дар се соли ахир бори дувум аст, ки раиси ҲСДТ мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор мегирад ва то ҳанӯз касе дар робита ба ин ҳодисаҳо гумонбар ва боздошт нашудааст. Зоиров мегӯяд, ҳамлаи ахир баъд аз бозгашти ӯ аз ноҳияҳо сурат гирифт.

Ӯ гуфт: "Аввал яке аз онҳо ба сару чашмам зад. Шахси дувум маро сахт ба даруни ҷӯйбор тела дод. Китфам ба роҳрав бархӯрд ва бо ҳарду зону ба даруни ҷӯйбор афтодам. 4-5 дақиқа беҳуш будам. Вақте ба худ омадам, дар атроф касе набуд ва бо як азоб худро ба хона расондам."

Раҳматилло Зойировро моҳи октябри соли 2017 низ дар наздикии хонааш зада буданд. Он вақт сиёсатмадор ҳамларо “тарҳрезишуда” дониста ва гуфта буд, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид.

Ҳамлаи ахир дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он панҷ номзад иштирок мекунанд, вале Ҳизби сотсиал-демократ онро таҳрим ё бойкот кард.

Шӯрои сиёсии ҳизб дар моҳи август гуфт, таъини интихоботи президентӣ дар санаи 11-уми октябр "ғайриқонунӣ" аст ва раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад.

XS
SM
MD
LG