Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо муносибатҳояшро бо Белорус бозбинӣ мекунад


Дар Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд, ки интихоботи президентии рӯзи 9 август дар Белорус на озод буд ва на мунсифона.

Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои тақаллубшудаи интихоботро эътироф намекунад ва ба ин далел, ёд кардани савганд аз сӯи Александр Лукашенкоро ба унвони президенти тозаинтихоби он кишвар номашруъ медонад. Дар ин робита, Иттиҳоди Аврупо муносибатҳояшро бо Белорус бозбинӣ хоҳад кард, хабар додааст Жозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ.

Савганд ёд кардани Лукашенко ба унвони бори дигар президент интихоб шудан хилофи иродаи аксарияти шаҳрвандони Белорус аст, ки бо нишони эътироз бештар аз як моҳ аст, ки ба кӯча мебароянд. "Мо аз ҷасорати мардуми белорус ба ваҷд омадаем, ки сарфи назар аз хушунати мақомот, ба таври осоишта аз ҳуқуқҳои асосии худ ҳимоят мекунанд", - омадааст дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки Иттиҳод аз ҳуқуқи белорусиҳо барои интихоби президент худ тавассути интихоботи нави президентӣ ҳимоят мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи истиқлоли Белорус дар шаҳри Минск Лукашенко расман даври нави президентии худро оғоз кард. Аммо маросими ёд кардани савгандро мақомоти Белорус ба ҷомеа аз қабл хабар надоданд. Дар ин маросим мақомдорони давлатӣ, вакилон ва ходимони илму фарҳангу варзиш ширкат доштанд.

Светлана Тихановская, номзади пешин ба мақоми президентии Белорус савгандёдкунии пинҳонии Лукашенкоро "масхарабозӣ" унвон кард.

Дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус зидди савгандёдкунии Лукашенко эътироз баргузор шуд. Зиёда аз 250 кас боздошт шуд ва пулис зидди эътирозгарон аз мошинҳои обпош истифода карданд.

XS
SM
MD
LG