Ссылки доступа

Садҳо муҳоҷири Узбекистон дар Русия дар хайма зиндагӣ доранд (видео)


Ҳазорҳо муҳоҷири кории дармонда аз Узбекистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ҷамъ шуда, дар хаймаҳо ба сар мебаранд. Бештари ин муҳоҷирон дар вилоятҳои Ростов ва Самараи Русия дармондаанд.

Мақомоти маҳаллӣ барои муҳоҷирон макони зисти муваққатиеро ташкил кардаанд, вале ҷой, либоси гарму ғизо на ба ҳамаи онҳо мерасад.

Как живут мигранты из Узбекистана в лагерях на российской границе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:11 0:00

Дар шаҳри Каменск-Шахтинский аз 9 сентябр вазъи фавқулода эълом шудааст. Дар онҷо чандин ҳазор муҳоҷири корие ҷамъ омадаанд, ки мехоҳанд ба Узбекистон баргарданд, вале ба далели маҳдудиятҳои коронавирус наметавонанд ба воситаи автобус ё мошин бираванд. Онҳо умедашон танҳо ба қатора аст. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Дар моҳи сентябр се бор муҳоҷиронро аз Каменск-Шахтинский бо қатораи махсус ба Узбекистон фиристоданд.

"Мутаассифона, дар хаймаҳо тартибот риоя намешавад, вале вазъ ҳамоно таҳти назорат аст. Бо онҳо суҳбатҳо анҷом мешавад ва мегӯем, ки ба берун бе ниқоб набароянд", - изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Каменск-Шахтинский.

Дар вилояти Самараи Русия низ вазъи ҳамсон ҳукмфармост. Ба онҷо муҳоҷиронро аз Оренбург, ки бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст, бурдаанд. Бештари ин муҳоҷирон мехостанд, тавассути Қазоқистон ба ватан баргарданд, вале ин кишвар ба далели коронавирус марзҳои худро бастааст.

Вазорати нақлиёти Узбекистон ҳафтаи равон хабар дод, ки 21 сентябр бо қатораи махсус 1800 шаҳрванди ин кишварро ба ватан баргардониданд.

XS
SM
MD
LG