Ссылки доступа

Таҳқиқи парвандаи писарони Саид Қиёмиддини Ғозиро ба поён расондаанд


Таҳқиқи парвандаи се писари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба поён расондаанд.

Мақомот дар ин бора расман хабар намедиҳанд, вале як манбаи огоҳ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки парванда барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ба қавли манбаъ, рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии Саидмуҳаммади 44-сола, Саидҳасани 33-сола ва Саидмуҳаммадии 25-сола оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол, сомонаи "Ахбор" рӯзи 22-юми сентябр хабар дод, ки Саидмуҳаммад, писари калонии Қиёмиддини Ғозӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои фарзандонаш ба боздоштгоҳ ғизо мебарад ва "агар ҳукмашон содир мешуд, хабар меёфт".

Саидмуҳаммад, Саидҳасан ва Саидмуҳаммадӣ ду моҳ пеш дастгир шуданд. Мақомот то ҳол расман дар бораи боздошти бародарон шарҳе надодаанд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Саидмуҳаммад ба "хиёнат ба давлат" гумонбар аст. Аз рӯйи ин иттиҳом ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манбаи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, як далел нисбат ба Саидмуҳаммад ин будааст, ки гӯё барои гирифтани раводиди ду нафар, ки барои таҳсил ба Эрон мерафтанд, мусоидат кардааст. Наздикони Саидмуҳаммад гуфтанд, ӯ дар дӯконаш ба тиҷорат машғул буд.

Иттиҳоми ду писари дигари Саид Қиёмиддини Ғозӣ маълум нест. Тибқи иттилои манобеи огоҳ, мақомот онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Саидҳасан ва Саидмуҳаммадӣ таҳсилкардаи донишгоҳе дар Эрон будаанд.

Писарони Саид Қиёмиддини Ғозӣ рӯзҳои 17 ва 19-уми июли имсол боздошт шуданд.

Худи Саид Қиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуд. Ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва дар ошӯби тобистони соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Ӯ дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони "Шаҳидон" буд. Пас аз шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.

Бо имзои Созишномаи сулҳ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хизматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG