Ссылки доступа

Зукоми паранда дар Қазоқистон: беш аз 100 ҳазор мурғ фавтидааст


Дар шимоли Қазоқистон ҳафт минтақаи дигари аҳолинишинро ба далели зукоми паранда карантин карданд.

Аз имрӯз ба баъд даромаду баромад аз маҳаллаҳои Қарақамис, Екатериновка, Архангелское, Красний Яр, Пресновка, Налобино ва Белоградовка манъ карда шудааст.

Ҳаминтариқ шумори минтақаҳои аҳолинишине, ки даромаду баромад аз онҳо манъ шудааст, ба 18 расид.

Бино ба омори расмӣ, то ба имрӯз дар Қазоқистон 108 ҳазор сар мурғ аз зукоми паранда фавтидааст. Барои наҷоти мурғҳои боқӣ ваксингузаронии дастаҷамъӣ эълом шудааст. Мақомоти қазоқ мегӯянд, то ҳол 75 ҳазор ваксина сарф гаштааст.

Бино ба хабари расонаҳо, беморӣ ба вилоятҳои дигари Қазоқистон - Акмолин, Костанай, Павлодар ва Қарағанда низ паҳн шудааст.

Зукоми паранда дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ бори ахир соли 2005 ба қайд гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG