Ссылки доступа

Эҳтимол аст, дар Узбекистон дубора карантин эълом шавад


 Главный государственный санитарный инспектор Узбекистана Нурмат Атабеков.
Главный государственный санитарный инспектор Узбекистана Нурмат Атабеков.

Сардухтури беҳдоштии Узбекистон гуфт, агар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар идома ёбад, мақомот метавонанд дубора карантин эълом кунанд.

"Ба назари ман, карантин ба монанди ду моҳ пеш сахт нахоҳад буд. Вале рӯзҳои ахир дар кишвар рӯзона беш аз 600 ҳолати нави мубталошавӣ ба вирус сабт мешавад. Сабаб дар он аст, ки сокинон чораҳои лозимиро риоя намекунанд. Агар мо вазъи эпидемиологиро бадтар кунем, ҳукумат метавонад дубора як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла карантини шадид, ки ду бор эълом шуда буд, ҷорӣ кунад", - изҳор дошт ӯ.

Сардухтури беҳдоштии Узбекистон аз сокинон даъват кард, ки ниқоб пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунанд ва зуд-зуд дастони худро бишӯянд ё бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ тоза намоянд.

Бино ба омори расмӣ, то ҳол дар ин кишвар 53 966 кас ба коронавирус мубтало шуда, 50 441 нафар шифо ёфт ва 447 тан фавтидааст.

XS
SM
MD
LG