Ссылки доступа

"Савгандёдкунии мардумӣ"-и Тихановская дар Минск


Дар маркази шаҳри Мински Белорус рӯзи якшанбе даҳҳо ҳазор одам дар ҳамоиши эътирозӣ зидди президентии Александр Лукашенко иштирок карданд.

Тазоҳургарон ин бор ҳамоиши худро "маросими савгандёдкунии мардумии Светлана Тихановская" -- рақиби Лукашенко дар интихоботи президентии 9 август номиданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дарозии корвони тазоҳургарон ҳудуди 2 километр буд. Онҳо чандин соат дар кӯчаҳои Минск роҳпаймоӣ карданд.

Дирӯз 50-умин рӯзи эътирозҳо зидди Лукашенко дар Белорус буд. Мақомот аз субҳ дар маркази Минск техникаҳои низомиро ҷойгир карда, низомиён роҳ ба сӯи чандин майдони марказиро бастанд. Нимаи дувуми рӯз афроди ниқобӯш боздошти тазоҳургаронро оғоз карданд.

Ҳамоиши "савгандёдкунии мардумӣ" дар шаҳрҳои дигари Белорус низ баргузор шуд. Ба иттилои Next, эътирозгарон дар Жодино чандин роҳро бастанд ва дар Гомел қудратиҳо тазоҳургаронро бо мошинҳои обпош пароканда карданд.

Ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи "Весна", рӯзи якшанбе дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус ҷамъан беш аз 200 эътирозгарро дастгир карданд.

Эътирозҳо дар Белорус баъди он оғоз шуданд, ки мақомот Лукашенкоро барандаи интихоботи 9 август эълом карданд.

XS
SM
MD
LG