Ссылки доступа

Раиси ҷанҷолии вилояти Фарғона ноиб-сарвазири Узбекистон таъйин шуд (видео)


Шухрат Ганиев.

Маҷлиси Олии Узбекистон дар ҷаласаи рӯзи 25 сентябр Шуҳрат Ғаниеви 52-соларо ба мақоми ноиб-сарвазирии Узбекистон таъйин кард.

Шуҳрат Ғаниев аз сӯи корбарони узбекистонии шабакаҳои иҷтимоӣ мудовим танқид мешуд. Вай ҳамзамон бо таҳдидҳо ва таҳқирҳояш нисбати зердастон ва сокинони вилоят машҳур аст.

Ғаниев соли 2012 раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон таъйин шуд. Аз соли 2016 ба ин тараф таҳқирҳо ва таҳдидҳои вай аз сӯи блогнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос мегардид.

Ғаниев дар як суҳбат бо хабарнигорон дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки "ҳаргиз ҳеч кадом аз блогнависонро таъқиб накардааст".

Аммо бархе аз шореҳон мегӯянд, сокинони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, ки барои изҳори норозигӣ аз Ғаниев боздошту ҳабс шуданд, бо талаб ва дастури раиси вилоят боздошту ҳабс шудаанд.

XS
SM
MD
LG