Ссылки доступа

Дар шарқи Туркманистон хонандагонро ба ҷамъоварии пахта ҷалб карданд


Дар ноҳияи Фороби вилояти Лебапи Туркманистон хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаро ба ҷамъоварии пахта ҷалб карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

"Дар Фороб хонандагони синфҳои 9-10-11 ва донишҷӯён ба ҷамъоварии пахта ҷалб шудаанд. Онҳо нисфи рӯз пахта мечинанд. Агар дарс соати 13:00 шуруъ шавад, онҳо бояд аз 7:30 то 12:00 дар саҳрои пахта бошанд. Вале агар дарсҳо аз 7:30 шуруъ шаванд, пас бояд аз 13:00 то 19:30 ба пахтачинӣ раванд", - иттилоъ медиҳад яке аз хабарнигорони маҳаллӣ.

Мақомоти маҳаллии он кишвар гуфтаанд, ки ҷалби хонандагон ба пахтачинӣ ба камбуди неруи корӣ рабт дорад. Гуфта мешавад, сарбозон низ дар он кишвар ба чидани пахта ҷалб шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки кормандони соҳаи буҷавӣ - омӯзгорону табибон ҳам иҷборан ба пахтачинӣ баромадаанд.

Дар чанд соли охир созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ ва департаменти давлатии ИМА истифода аз меҳнати иҷбориро дар Туркманистон танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG