Ссылки доступа

Таҳқиқот: Дастгоҳҳои ҳаворасонро аз Чин ба Узбекистон бунёди ҳамсари президент ворид кардааст


Дар ҷараёни як пажуҳиш рӯзноманигорон иттилоъ ёфтанд, ки дастгоҳҳои ғализкунандаи ҳаворо аз Чин ба Узбекистон бунёди "Замин" ворид кардааст.

Роҳбарии ин бунёдро, ки аз ҳисоби кӯмакҳои байналхалқӣ ва маблағҳои хайрия фаъолият мекунад, расман Зироат Мирзиёева, ҳамсари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бар уҳда дорад.

Рӯи дастгоҳҳои мазкур нишони бунёди мазкур Zamin Foundation насб шудааст. Истеҳсолгари чинӣ иттилоъ медиҳад, ки дастгоҳҳо бо суфориши ҳукумати Узбекистон харидорӣ шудаанд.

Бунёди ҷамъиятии "Замин" моҳи апрели соли ҷорӣ таъсис шуд ва раисии онро Зироат Мирзиёева бар уҳда дорад.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки бунёди "Замин" қисме аз 1035 дастгоҳи воридшудаи ғализкунандаи ҳаворо ба беморхонаҳои Узбекистон тақдим кардааст.

XS
SM
MD
LG