Ссылки доступа

Ҷээнбеков: дар арафаи интихобот нерӯҳое фаъол шудаанд, ки зидди субот ва рушди Қирғизистонанд


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфт, дар арафаи интихоботи порлумонӣ нерӯҳои гуногуне фаъол шудаанд, ки зидди оромӣ ва рушди кишвараш ҳастанд.

Ба иттилои сомонаи Кремл, Ҷеенбеков бо изҳори миннатдорӣ ба Путин афзуда, ки Қирғизистон тавонист бо кумаки ӯ вазъи эпидемиологии худро муътадил созад. Вай изҳор доштааст, ки аз ин мулоқот "мардуми Қирғизистон" интизориҳои зиёд доранд.

"Тавре шумо огаҳед, дар арафаи интихоботи президентии Қирғизистон нерӯҳои гуногуне фаъол шудаанд, ки зидди субот ва рушди кишвар ҳастанд. Онҳо ҳатто мехоҳанд, соҳибихтиёрии Қирғизистонро ба ҳам зананд. Онҳо ба шарикии ҳампаймонии мо низ осеб расониданианд. Албатта, мо ба ин иҷозат намедиҳем ва аз дасташон коре намеояд. Зеро дастгирии Русия барои мо асос аст ва аз ин рӯ, ба шумо миннатдорӣ баён мекунам. Мо ҳамеша муносибатҳои дӯстонаву таърихиямонро қадр мекунем, зеро тули асрҳо санҷидашудаанд", - илова намудааст Ҷеенбеков.

Путин дар посух гуфта, ки Русия ҳечгоҳ дар умури дохилии ҳамсояҳои худ ва кишварҳои дигар дахолат намекунад, вале аз талошҳое ҷонибдорӣ хоҳад кард, ки ба эътидоли вазъ, муколама миёни ҳамаи нерӯҳои гуногуни сиёсӣ, аз ҷумла талошҳои ҳукумати кунунии Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG