Ссылки доступа

Дар Будапешт гулгаште бо номи Чингиз Айтматов бунёд мешавад


Иллюстративное фото

Дар шаҳри Будапешт бо ширкати ҳайати Қирғизистон маросими кушоиши боғи ба номи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 28 сентябр бо сафари расмӣ ба Венгрия рафт.

Ҷеенбеков дар ин сафар бо сарвазири Венгрия Виктор Орбан мулоқот мекунад. Ду мақомдор эъломияи шарикии стратегӣ, тафоҳумномаи бунёди рушди Қирғизистону Венгрия ва дигар санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо мерасонанд.

Ҷеенбеков ҳамзамон бо президенти Венгрия Янош Адер ва раиси порлумони он кишвар Ласло Кёвер мулоқот хоҳад кард.

Пеш аз сафар ба Венгрия президенти Қирғизистон ба Русия рафт ва бо ҳамтои руси худ Владимир Путин мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG