Ссылки доступа

Фаъоли зиндонии қазоқ Макс Боқаевро ба зиндони Атирау бурданд


Фаъоли маданӣ аз шаҳри Атирауи Қазоқистон Макс Боқаевро, ки баъди эътирозҳои оммавии "ислоҳоти замин" дар соли 2016 зиндонӣ шуда буд, аз маҳбаси КА-168/2-и вилояти Оқтеппа ба зиндони ин шаҳр интиқол доданд.

Ба гуфтаи фаъоли мадании қазоқ Талгат Аян, субҳи имрӯз ӯро дар истгоҳи Макат ба қатораи мусофирбари масири Мангишлак - Атирау савор карданд. "Имкони суҳбат бо ӯро надоштем. Танҳо аз дур дидем. Акнун вай ду ҳафта дар карантин мемонад. Дар маҳбаси 57/9-и Атирау нигаҳдорӣ мешавад", - афзуд Аян.

Макс Боқаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳ ӯро ба пардохти ҷаримаи ҳангуфт низ вазифадор кардааст.

Маҳкумшуда ин айбҳоро рад мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи вайро сиёсӣ меноманд. Муҳлати ҷазои ӯ моҳи ферали соли 2021 ба поён мерасад, вале Боқаев аз дархости озодии пеш аз муҳлаташ худдорӣ кард.

Боқаевро соли 2018 аз зиндони влояти Қазоқистони Шимолӣ ба маҳбаси Оқтеппа интиқол дода буданд. Наздиконаш борҳо аз мақомот хостанд, ки ӯро ба маҳбаси Атирау интиқол диҳанд.

XS
SM
MD
LG