Ссылки доступа

Белорус "Tut.By"-ро аз унвони ВАО маҳрум сохт


Вазорати иттилооти Белорус хабар дод, ки нашрияи онлайнии "Tut.By" аз 1 октябри соли равон ба муҳлати се моҳ аз унвони воситаи ахбори ом маҳрум карда шуд.

Фармонро вазири иттилооти Белорус Игор Лутской имзо кардааст. Дар "Tut.By" гуфтанд, ки ба монанди пешин ҳамчун расонаи онлайнӣ фаъолият хоҳанд кард.

Tut.By мегӯяд, сабти номи сомонаи интернетӣ дар Белорус ҳамчун нашрияи онлайнӣ хусусияти ихтиёрӣ дошта, ба расона чанд имтиёз медиҳад. Аз ҷумла, кормандони он қонунӣ ҳақ доранд, ки дар минтақаи задухурдҳои мусаллаҳона, вазъияти фавқулода, чорабиниҳои оммавӣ ва маконҳои дигари таҷаммуи одамон ҳозир шуда, аз онҷо хабар диҳанд.

Tut.By ҳамчун воситаи ахбори ом дар Белорус танҳо моҳи январи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Он аз замони таъсисаш дар соли 2000 то ин дам бидуни ин мақом фаъолият мекард.

Сомонаи хабарии мустақили Tut.By маъракаҳои ахири пешазинтихоботии Белорус ва ҳамоишҳои эътирозӣ бо талаби бознигарии натиҷаи интихоботро фаъолона бозтоб мекард. Он ҳамарӯза дар бораи баромадҳои мухолифони президенти Белорус Александр Лукашенко ва боздоштҳои бераҳмонаи эътирозгарон хабар нашр мекунад.

XS
SM
MD
LG