Ссылки доступа

ВУХ Узбекистон боз шудани марзи Русия бо Қазоқистонро аз 1 октябр рад кард


Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо нашри як изҳорот хабарҳо дар бораи онро, ки гӯиё марзи Русия ва Қазоқистон аз 1 октябр боз шуда, муҳоҷирони дармондаи узбек метавонанд тавассути Қазоқистон ба ватан баргарданд, беасос номид.

Дар иттилоияи Ситоди фаврии вазорат, аз ҷумла омадааст, "хоҳиш мекунем, ба чунин ҳангомаҳо дода нашавед. Убури марзи Русия ва Қазоқистон бо мошин барои шаҳрвандони хориҷӣ то қарори махсуси ҷонибҳо дар ин замина номумкин боқӣ мемонад".

Ситод афзудааст, дар ҳоли ҳозир узбекистониҳои дармондае, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, тавассути парвозҳои чартерӣ, қатора ва автобусҳои махсус интиқол дода мешаванд. Билети онҳо онлайнӣ фурӯхта мешавад.

Ҳамчунин аз шаҳрвандони Узбекистон хоҳиш шудааст, ки дар давраи пандемияи коронавирус аз ҳама гуна таҷаммуъ худдорӣ ва карантинро риоя карда, ҷони худро дар хатар нагузоранд.

XS
SM
MD
LG