Ссылки доступа

Ҳафт шаҳрванди Қазоқистон барои низоъи байниқавмӣ зиндонӣ шуданд


Додгоҳи низомии шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 29 сентябр ҳафт шаҳрвандро барои низоъи байниқавмии қазоқҳо бо дунгантаборон дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбили он кишвар зиндонӣ кард.

Ин ҳафт шаҳрванд бо айбҳое амсоли "ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ", "дуздӣ", "такроран содир кардани ҷинояти вазнин", "ғоратгарӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва ғайра аз 7 то 3 сол зиндонӣ шуданд.

Шаби 8 феврали соли ҷорӣ байни қазоқҳо ва дунгантаборон дар деҳаҳои Масанчӣ, Сортоба, Аухаттӣ ва Дулар-батири ноҳияи Кордай низоъ сар зад. Дар он низоъ 11 кас кушта ва беш аз 100 кас маҷруҳ шуд. Ҳазорон сокини дигар маҷбур шуданд, ки ба Қирғизистон фирор кунанд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳоро ба хонаҳояшон баргардонидаанд.

Баъди низоъ ҳокими вилояти Ҷамбил истеъфо дод ва чанд мансабдори дигар аз мақом ронда шуданд.

Мақомоти интизомии Қазоқистон дар пайи низоъи байниқавмӣ бештар аз 12 парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

XS
SM
MD
LG