Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз аввали соли хониш 104 хонанда ба коронавирус мубтало шудааст


Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, аз аввали соли нави хониш то ҳол дар ин кишвар 104 хонанда ба коронавирус мубтало шудааст.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, 71 тани ин хонандаҳо онҳое буданд, ки фосилавӣ таҳсил мекарданд. Дар миёни садҳо нафари тамосдошта 22 ҳолати нави мубталошавӣ низ ошкор шудааст.

Сой бори дигар даъват кард, ки низоми фосилавии таҳсил дар Қазоқистон ҳифз шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, пурра боз шудани мактабҳо ба паҳн шудани коронавирус дар миёни хонандагон, омӯзгорон ва аъзои хонаводаҳои онҳо мусоидат мекунад.

Дар Қазоқистон нахустин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар моҳи марти соли равон сабт шуд. Яке аз аввалин иқдомҳо барои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус гузаронидани мактаббачаҳо ба низоми фосилавии таҳсил буд.

XS
SM
MD
LG