Ссылки доступа

Шӯрои амният аз Арманистону Озарбойҷон хост, фавран ба даргирӣ хотима диҳанд


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки фавран ба ҷанг бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ поён диҳанд.

Ин даъват пас аз се рӯзи даргириҳо дар марзи ду кишвар садо дод. Дар изҳороте аз 29-уми сентябр кишварҳои узви Шӯрои амният аз даъвати дабири кул Антонио Гуттереш пуштибонӣ кардаанд, ки аз ҷонибҳо хостааст, шиддати ташаннуҷро поин биоранд ва ба музокирот пардозанд.

Шӯрои амният аз гузоришҳо дар бораи иқдомоти густардаи низомӣ дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ибрози нигаронӣ карда, истифода аз зӯрро ба шиддат маҳкум намудааст.

Тарафҳои низоъ дар минтақаи Қарабоғи Куҳӣ дар ташдиди вазъ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.

Боку мегӯяд, артиши Арманистон ба ҳамла гузашт, ки низомиҳои Озарбойҷон онро рафъ карданд. Ереван хабар медиҳад, ки артиши Арманистон ҳамлаи душманро пас гардонд. Ба ҷуз ин, Арманистон таҳдид кард, ки дар минтақа аз силоҳи хатарноктар истифода хоҳад кард.

Мақомоти Арманистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба шаҳри Гардут як сокини осоишта кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудааст. Аз Қарабоғи Куҳӣ хабар доданд, ки дар ду рӯзи даргириҳо 84 низомӣ кушта шудааст. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз кушта шудани даҳҳо сарбозаш хабар дод.

Ҳар ду кишвар вазъи ҷангӣ эълом ва сарбозони эҳтиётиро ба артиш даъват карданд.

Дар пайи ташдиди вазъ мақомоти Озарбойҷон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро қатъ карданд. Вазорати алоқаи Озарбойҷон пештар хабар дод, ки маҳдудияти дастрасӣ дар пешгирӣ аз иғвоҳои Арманистон кумак мекунад.

Даъво бар сари Қарабоғи Куҳӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ давом дорад. Озарбойҷон идораи минтақаро, ки бештари бошандагонаш арманитабор ҳастанд, аз солҳои 1990 аз даст додааст. Дар солҳои 1990 бар асари даргарӣ на камтар аз 30 ҳазор кас кушта ва садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд. Низои ахир шадидтарин низоъ аз соли 2016 ба ин тараф номида мешавад.

Кишварҳои миёнарав дар танзими низоъи Қарабоғи Куҳӣ, аз ҷумла Русияву ИМА ба хатми ҷанг даъват доранд.

XS
SM
MD
LG