Ссылки доступа

Мардуми Тоҷикистон пеш аз интихобот чӣ рӯҳия доранд?


Интихоботи пешорӯи президентӣ дар Тоҷикистон ба назари коршиносон бидуни алоқамандии хос аз сӯйи ҷомеа наздик мешавад.

Онҳое, ки ба ин интихобот ба назари шубҳа менигаранд, далели инро набуди рақобати воқеии сиёсӣ медонанд, хушбинҳо бошад сиёсатгурезиро ба беҳтар шудани вазъи мардум рабт медиҳанд.

Бо камтар аз ду ҳафта боқӣ мондан то интихоботи президент дар Тоҷикистон шабакаҳои давлатӣ бештар ба мавзӯи сардори давлат рӯй меоваранд. Дар хабарҳо сафарҳои президентро ба минтақаҳо, мулоқотҳояшро бо мардум, хонаводаҳо ва ятимону дигарҳо нишон медиҳанд. Ба ҷуз раисҷумҳури кунунӣ, ҳамчунин чор номзади дигари мақоми президентӣ низ муваққатан қаҳрамони сюжетҳои хабарӣ мегарданд. Мулоқоти онҳоро кӯтоҳак бо интихобкунандаҳо дар донишгоҳҳо ва дигар муассисҳои будҷавӣ нишон медиҳанд ва дар бораи барномаву имконоти онҳо сухан мегӯянд.

Вале омодагии пур шӯру шавқе, ки мутаносибан дар борааш шабакаҳои давлатӣ суҳбат мекунанд, дар воқеъ на ҳамеша ҳис карда мешавад. Шумораи ками сокинон метавонанд ошкоро посух диҳанд, ки номзадҳои барои курсии президентӣ киҳоянд ва ба интихобкунандагон чӣ ваъдаҳо медиҳанд.

Комрон, донишҷӯйи соли аввали магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар бораи маъракаи сиёсии пешрӯ ӯ аз рекламаҳои телевизион огоҳ шудааст, вале дар бораи номзадаҳо ва барномаҳояшон чизе намедонад.

"Агар Эмомалӣ Раҳмон худ номзад шавад, маълум аст, ки ӯ маҳз пирӯз мешавад. Бовар кардан ғайри имкон аст, ки шахсеро, ки "Пешвои миллат" меноманд, дар интихобот бибозад",-мегӯяд ин донишҷӯй. Мегӯяд, дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад, вале гумон намекунад, ки интихоби ӯ ба чизе битавонад таъсир гузорад.

Коршиноси мустақил Абдумалик Қодиров мегӯяд, ки ҳукумат бо ин интихобот танҳо мехоҳад нишон диҳад, ки тибқи қонун амал мекунад. "Дар воқеъ, мо он чизеро, ки тавассути телевизион нишон медиҳанд, намебинем. Ҳар касе ба дунболи зиндагии худ аст ва чизеро аз ин интихобот мунтазир нестанд. Ҳамаи номзадҳо аз солҳои пеш маълуманд ва бори дигар талош доранд, ки рақобатро нишон бидаҳанд",-мегӯяд коршинос. Ба гуфтаи вай, агар дар соли 2013 номзади ягонаи мухолифин Ойниҳол Бобоназарова тавонист шӯрушавқе дар раванди интихобот биёварад, пас дар ин сол сенарияи интихобот бисёр пешгӯишаванда аст.

Коҳиши фаъолмандии сиёсии мардум дар Тоҷикистон соли аввал нест, ки мавзуъи баҳси доираҳои коршиносӣ гаштааст. Муҳаққиқи бритониёӣ Ҷон Хизершоу дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ тоҷиконро яке аз сиёсатгурезтарин мардуми дунё номида буд ва гуфта буд, ки мардум ҳар чӣ бештар аз сиёсат канора мегиранд, ҳатто аз суҳбат дар бораи он мегурезанд.

Арзёбиҳои коршиносро мешавад бо маълумоти расмии ширкати мардум дар интихобот, ки 86-87%-ро ташкил медиҳад, ба чолиш кашид. Вале дар бораи ин гуна ҳузури пурранги мардум, маъмулан, бештар дар кишварҳои авторитарӣ сухан меравад ва дар доираҳои коршиносӣ ин арқомро ҷиддӣ намегиранд.

Наим Зариф сардори ситоди интихоботии номзад ба мақоми президентӣ Абдуҳалим Ғаффорзода бо ин фикр, ки дар кишвар фазои пешазинтихоботӣ эҳсос намешавад, розӣ нест. Ба гуфтаи вай танҳо кофӣ аст, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ бигардед, ки дар он ҷо варақаҳои таблиғи ин ё он номзад тақсим карда мешавад. "Овезаҳои дорои маълумот дар бораи номзадҳо ҳамчунин дар ҳамаи қитъаҳои раъйдиҳӣ насб шудаанд ва ҷавонҳо метавонанд бо номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботияшон шинос шаванд",-мегӯяд Наим Зариф.

Ӯ мегӯяд, ки дар қиёс бо интихоботи президентии гузашта дар интихоботи пешрӯ бештари масоили иҷтимоӣ дар кишвар ҳал шуданд, эҳтимолан ба ин хотир аст, ки мардум чандон фаъол нестанд.

"Дар бештари кишварҳои рушдкардаи ғарбӣ мардум номи президенти худро намедонанд. Ин маънои онро надорад, ки онҳо бесаводанд. Баръакс, низоми мудирияти онҳо ба сатҳе расидааст, ки сарфи назар аз шахсияти сардори давлат ҳуқуқҳои иҷтимоиву сиёсии онҳо таъминанд ва ин гуна масоили мавриди таваҷҷуҳи онҳо нест. Эҳтимол, коҳиши таваҷҷуҳ ба ин гуна равандҳо дар мо ба хуб шудани сатҳи зиндагӣ алоқаманд бошад",-тахмин мезанад ҳамсуҳбати мо.

Мувофиқи маълумоти расмӣ маоши миёна дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ($41), музди миёнаи ҳармоҳаи номиналӣ 1406 сомонӣ (($136), андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 303 сомонӣ ($31) аст.

Соли 2019 кишвар вориди бистгонаи кишварҳои аз ҳама қафомонда шуд.

Интихоботи 11-уми октябр сар аз соли 1994 панҷумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аст. Раисҷумҳури барҳол Эмомалӣ Раҳмон расман пирӯзи ҳамаи чор интихоботи пешин эълон шудааст. Натиҷаи ин интихоботҳоро ҳукуматҳои кишварҳои дӯсти Тоҷикистон демкоратӣ эътироф карданд, вале кишварҳову ниҳодҳои ғарбӣ ношаффофу ноодилона номиданд.

XS
SM
MD
LG