Ссылки доступа

Дар Қарабоғи Куҳӣ рӯзи чорум аст, тирпарониҳо идома доранд


Ракетная пусковая установка Вооруженных сил Азербайджана

Боку мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон шаҳри Ҳорадизро дар минтақаи Физулии Озарбойҷон тирборон кардаанд.

Ин хабарро Додситонии кулли Озарбойҷон расонаӣ кард. Ба иттилои ин ниҳод, гулӯлае дар наздикии як нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар Ҳорадиз таркид, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохта, чандин каси дигар захмӣ шуданд. Додситонӣ мегӯяд, рӯзи чоршанбе низ ноҳияи Тертери Озарбойҷон аз сӯи нерӯҳои Арманистон тирборон шуда буд.

Ҷониби Арманистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Задухурдҳои мусаллаҳона дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ чаҳор рӯз мешавад, идома доранд.

Боку ва Ереван дар оғози задухурд ва ташаннуҷи вазъ якдигарро айбдор мекунанд. Дар натиҷаи задухурде, ки 27 сентябр оғоз шуд, даҳҳо нафар ҷон дода, чандин тани дигар захмӣ шуданд. Дар миёни захмиён ва кушташудаҳо сокинони осоишта низ ҳастанд.

Даъво бар сари Қарабоғи Куҳӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ давом дорад. Озарбойҷон идораи минтақаро, ки бештари бошандагонаш арманитабор ҳастанд, аз солҳои 1990 аз даст додааст. Дар солҳои 1990 бар асари даргарӣ на камтар аз 30 ҳазор кас кушта ва садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд. Низои ахир шадидтарин низоъ аз соли 2016 ба ин тараф номида мешавад.

Кишварҳои миёнарав аз ҷумла Русияву ИМА ба хатми ҷанг даъват доранд.

XS
SM
MD
LG