Ссылки доступа

Узбекистон муҳоҷирони дармондаашро аз Абхазистон бармегардонад


Вазорати умури хориҷии Узбекистон гуфт, нахустин гуруҳи муҳоҷирони дармондаи ин кишвар дар Абхазистон (бонувон, занони ҳомила, пиронсолон ва кӯдакон) аввали моҳи октябр ба ватан баргардонида хоҳанд шуд.

Дар изҳороти вазорат омадааст, ҳудуди 400 шаҳрванди Узбекистон, ки дар Абхазистон дармондаанд, аз сафорати ин кишвар дар Русия ва консулгарӣ дар Ростови лаби Дон барои баргашт ба ватан дархости кумак кардаанд.

Гуруҳи нахустини муҳоҷирон аввали моҳи октябр ва боқӣ баъди иҷозати ҷониби Русия барои убури транзитӣ ба ватан баргардонида мешаванд.

Пештар як гуруҳи муҳоҷирони узбекистонӣ аз номи беш аз сад ҳамватани худ дар Абхазистон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ муроҷиат карда, гуфтанд, ба далели наомадани сайёҳон дар он кишвар бекор мондаанд.

Муҳоҷирон аз ҳукумати Узбекистон дархост карданд, ки барои баргашташон ба ватан ба онҳо кумак карда шавад.

Ба гуфтаи яке аз ин муҳоҷирон бо номи Хайрулло, Тоҷикистону Қирғизистон аллакай шаҳрвандони худро аз Абхазистон берун бурдаанд ва ҳоло дар он кишвар танҳо узбекистниҳо мондаанд.

Феълан дар Абхазистон беш аз ҳазор муҳоҷир аз Узбекистон қарор доранд ва ҳудуди 400 тани онҳо мехоҳанд ба ватан баргарданд. Муҳоҷирон мегӯянд, бе ҷои кор ва сармоя барои зиндагӣ мондаанд.

Дар Абхазистон мардони узбек асосан дар бахши сохтмон ва бонувон дар меҳмонхонаҳо кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG