Ссылки доступа

Хонандагони синфҳои 1-6 дар Қирғизистон аз 6 октябр ба низоми одии таҳсил мепардозанд


Сар аз 6 октябр хонандагони синфҳои 1 то 6 дар мактабҳои Қирғизистон ба низоми анъанавии таҳсил мепардозанд. Ситоди фаврии ҷумҳуриявии Қирғизистон дар ҷаласаи охири худ чунин тасмим гирифтааст.

Маркази матбуотии Ситоди ҷумҳуриявии он кишвар хабар додааст, ки мактабҳо вазифадор шуданд, меъёрҳои беҳдоштиро таъмин ва риоят кунанд. Дар даромадгоҳи мактабҳо ҳамарӯза ҳарорати хонандагону омӯзгорон санҷида мешавад ва пӯшидани ниқоб назорат мегардад.

"То шуруъи дарсҳо муассисаҳои таълимӣ поккории беҳдоштӣ мешаванд. Ба ҷуз ин, ҳангоми дарсҳо дар фосилаи зангҳо дохили синфхонаҳо шустушӯ мешаванд", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.

Дар Қирғизистон аз 16 март ба ин тараф дар мактабҳо ва донишгоҳҳо карантин эълом шудааст. Ин карантин ба паҳншавии вабои коронавирус рабт дорад. Дар робита ба эъломи карантин ҳамаи хонандагону донишҷӯён ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд. Аз 1 сентябр танҳо барои хонандагони синфи 1 таҳсили анъанавиро иҷозат дода буданд.

XS
SM
MD
LG