Ссылки доступа

Марги ду кӯдак дар Қазоқистон аз бемории шабеҳ ба "синдроми Кавасакӣ"


Дар Қазоқистон ду кӯдаки 2-сола ва 3-сола аз бемории шабеҳ ба "синдроми Кавасакӣ" фавтиданд. Дар ин бора раиси "Маркази илмии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон" Риза Боронбоева хабар дод.

Ба гуфтаи вай, волидон кӯдакони беморро таъҷилан ба беморхона наовардаанд ва пизишкон натавонистанд, онҳоро наҷот диҳанд.

Пизишкон мегӯянд, синдроми илтиҳобовар, ки ба рагҳои хунгард зиён мерасонад ва шабеҳи "синдроми Кавасакӣ" аст, айни замон ба кӯдаконе бештар таъсир дорад, ки гирифтори вабои коронавирус шудаанд. Ду кӯдаки фавтида чанд ҳафта пеш мубталои COVID-19 шуда буданд.

Риза Боронбоева гуфтааст, ки дар Қазоқистон 41 кӯдак аз синдроми шабеҳ ба Каваскӣ ранҷ мебаранд.

Бори нахуст синдроми шабеҳ ба Кавасакӣ дар Қазоқистон рӯзи 4 август сабт шуд. Бо гузашти ду моҳ шумори гирифторони синдром ба 41 расидааст.

XS
SM
MD
LG