Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 26 кас бо гумони даъват ба ғасби ҳукумат боздошт шуд


Хадамоти тафтишотии пулиси шаҳри Бишкек ба таҳқиқи видеои нашршуда дар Интернет пардохтааст, ки дар он нақшаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ баррасӣ ва ба ғасби қудрат дар Қирғизистон даъват мешавад.

Ташхиси судӣ муайян карда, ки суханҳои гуфташуда дар навор ба барангехтани бадбинии байниминтақавӣ ва ғасби қудрат аз роҳи хушунат равона шудаанд.

Пулиси Бишкек мегӯяд, дар натиҷаи таҳқиқ шахсияти афроди дар навор бударо муайян карда, 30 сентябр 26 узви иттиҳодияи ҷамъиятии "Кирк Уруу Жети Дубан"-ро дар як ҷамъомадашон дастгир кард.

Ба гуфтаи пулис, ташхисҳо нишон доданд, ки 20 тани гумонбарон ҳангоми боздошт таҳти таъсири маводи мухаддир қарор доштанд.

Панҷ раҳбари гуруҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, даст доштани гумонбарони боқӣ таҳқиқ мешавад.

Рӯзи 30 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон видеое нашр шуд, ки дар он ҳудуди 20 мард нақшаеро баррасӣ мекунанд. Яке аз онҳо мегӯяд, "бояд аз 1,5 ҳазор деҳа бачаҳоро ҷамъ кард. Агар ин интихоботро аз даст диҳем, мо бохтем".

Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор мешавад. Дар он 16 ҳизби сиёсӣ рақобат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG