Ссылки доступа

Дар мактабҳои Тошканд хонандагони мазҳабиро рӯйхат мекунанд


Омӯзгорони мактабҳои миёнаи ноҳияи Тошканди Узбекистон вазифадор шудаанд, хонандагони ҳиҷобпӯш ва мактаббачаҳоеро ҳамроҳи волидонашон рӯйхат кунанд, ки ба намозҳои ҷумъа мераванд.

Дар санаде, ки нусхаи он дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, аз омӯзгорон талаб мешавад, ному насаб ва ҷои зисти хонандагони мазҳабиро қайд карда, ҳамчунин номи волидони онҳоро бо ҷои корашон муайян кунанд. Ба илова, бояд аз ин хонандагон пурсида шавад, ки волидони кадоме аз онҳо дар хориҷ ҳастанд.

Як омӯзгори мактаби рақами 12-и ноҳияи Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ин рӯйхат пинҳонӣ аз хонандагону волидонашон таҳия карда мешавад. Омӯзгорон ин рӯйхатҳоро бояд то 2 октябр ба ҳукумати маҳаллӣ бисупоранд.

Дар маъмурияти чандин ноҳияи Тошканди шаҳри Тошканд гуфтанд, рӯйхати мазкур бо дастури шаҳрдори пойтахти Узбекистон таҳия мешавад.

Вале таҳияи чунин як рӯйхат волидони хонандагонро нигарон карда, онро таъқиб барои эътиқодашон меноманд. Мақомот мегӯянд, таҳияи рӯйхатҳои гуногун дар бораи хонандагон кори баде нест.

XS
SM
MD
LG