Ссылки доступа

Узбекистон аз 1 октябр рафту омадҳои ҳавоӣ, заминӣ ва роҳи оҳани байналхалқиро аз сар мегирад


Шуруъ аз имрӯз, 1 октябр дар Узбекистон рафту омадҳои байналхалқӣ тавассути ҳавопаймо, қатора ва мошин иҷозат шуд. Дар ин бора Комисияи махсуси давлатӣ ҳанӯз 17 сентябр қарор қабул карда буд.

Бино ба тартиботи нав, касоне, ки аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон вориди Узбекистон мешаванд, ба карантини 14-рӯза фиристода хоҳанд шуд.

Аммо касоне, ки аз Чин, Тайланд, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон, Финландия, Латвия, Австария ва Ҷопон ба Узбекистон меоянд, бидуни карантин метавонанд, гашту гузор кунанд.

Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус Узбекистон аз 16 март марзҳояшро баста ва ҳамаи парвозҳои байналхалқиро манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG