Ссылки доступа

Расонаҳои Бритониё аз ҳузури садҳо ҷангҷӯи зархариди Сурия дар Қарабоғи Куҳӣ хабар доданд


Садҳо тан аз ҷангҷӯёни зархарид аз минтақаҳои таҳти нуфузи Туркия дар Сурия ба Озарбойҷон омада, дар Қарабоғи Куҳӣ ҷойгир шудаанд. Ин ҷангҷӯён дар низоъ бо артиши Арманистон ширкат варзида, талафоти ҷонӣ ҳам доштаанд.

Дар ин бора яке аз ҷангҷӯёни зархарид дар суҳбат бо бахши арабии родиои Бӣ-бӣ-сии Бритониё иттилоъ додааст. Як манбаи дигар гуфтааст, ки шумори ҷангҷӯён ба тақрибан 1000 кас мерасад. Пештар аз ин як манбаи русӣ дар бораи ширкати ҷангҷӯёни мазкур дар минтақаи даргириҳои Озарбойҷону Арманистон хабар дода буд. Боку ин хабарҳоро рад мекунад.

Манбаи родиои Бӣ-бӣ-сӣ гуфтааст, ҷангҷӯёни зархарид аз шимоли Сурия, ки таҳти нуфузи Туркия аст, ба Озарбойҷон интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷангҷӯёнро ҳанӯз чаҳоршанбеи ҳафта гузашта, чаҳор рӯз пеш аз шуруъи низоъ, тавассути ҳавопаймо ба Озарбойҷон оварда ва дар наздикии хати даргириҳо дар Қарабоғ ҷойгир кардаанд. Манбаъ гуфтааст, ки 27 сентябр онҳоро ба хати даргириҳо фиристодаанд, ки зери тирборон монда, талафоти ҷонӣ додаанд. Бӣ-бӣ-сӣ менависад, ки натавонистааст, ин иттилоъро аз сарчашмаҳои дигар тасдиқ кунад.

Расонаҳои дигари аврупоӣ низ дар ин бора хабар додаанд.

Озарбойҷон истифодаи ҷангҷӯёни зархаридро дар низоъи Қарабоғи Куҳӣ рад мекунад.

Рӯзи 27 сентябр дар Қарабоғи Куҳӣ байни артиши Озарбойҷон ва Арманистон низоъ бархост. Ҳар ду тараф ҳамдигарро дар ин даргирӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG