Ссылки доступа

Омори нав. Дар Тоҷикистон аз коронавирус чӣ қадар бемор шуданд, шифо ёфтанд ва фавтиданд?


Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр хабар дод, ки шумораи умумии фавтидагон аз оғози хуруҷи коронавируси нав ба 77 нафар расид.

Бино ба омори вазорат, аз оғози шурӯи пандемия 9769 ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, дар шабонарӯзи охир 42 мавриди беморӣ тасдиқ шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ, аз охири моҳи апрел то 1-уми октябр 8611 шифо ёфтаанд.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

XS
SM
MD
LG