Ссылки доступа

Дар Узбекистон дар як моҳи охир маҳсулот 1,4 дарсад гарон шудааст


Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар бозору дуконҳои Узбекистон қимати маҳсулот ва тарофаҳо 1,4 дарсад гарон шудааст. Дар ин бора Кумитаи омори давлатии он кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои ин кумита, болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо дар ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсадро ташкил додааст.

Бино ба омор, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ қимати маҳсулот ва тарофаҳо дар бозор ба ҳисоби миёна 6,3 дарсад гарон шудаст. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2019 9,7 дарсадро ташкил медод.

Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон хабар додааст, ки дар даҳ рӯзи охири моҳи сентябр қимати бархе аз маҳсулоти истеъмолӣ, аз ҷумла равған, шакар ва тухми мурғ дар бозори дохилӣ якбора боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG