Ссылки доступа

Дар Узбекистон як мардро барои дуздӣ дар масҷид 7 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар Узбекистон як мардро барои дуздӣ дар масҷидҳои вилоятҳои гуногуни ин кишвар ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд, ки ин мард ҳангоми дуздии навбатии худ дар масҷиди "Нава"-и шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё боздошт шудааст.

Сокини Андиҷон Х.К. тобистони соли 2019 низ дар масҷидҳои вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷизах ва Фарғона ашёи гуногун, аз ҷумла телефони мобилӣ ва ҳамён дуздидааст.

Х.К. қаблан ҳам ба муҳлати 5 солу 2 моҳ зиндонӣ шудааст. Ҳукми ахири ӯ аз сӯи Додгоҳи шаҳри Қаршӣ содир гаштааст.

XS
SM
MD
LG