Ссылки доступа

Табибон гуфтанд, вазъи Доналд Трамп беҳтар мешавад


Дональд Трамп в госпитале
Дональд Трамп в госпитале

Вазъи сиҳатии президенти ИМА Доналд Трамп, ки аз коронавирус табобат мегирад, беҳтар мешавад ва аз эҳтимол дур нест, ки 5 октябр аллакай бемористони низомиро дар наздикиҳои шаҳри Вашингтон тарк кунад.

Дар ин бора табибоне рӯзи якшанбе хабар доданд, ки бо табобати президенти ИМА машғул ҳастанд.

Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта бистарӣ шуда буд. Табибон аллакай рӯзи шанбе гуфтанд, ки вазъаш беҳтар шуда, тасф ва нафастангӣ надорад. Рӯзи якшанбе ҳам гуфта шуд, ки Трамп аз рӯзи ҷумъаи гузашта тасф надорад.

Худи президенти ИМА бо нашри як видеои чаҳордақиқаӣ аз бемористон гуфт, вазъаш беҳтар мешавад ва ба зудӣ ба маъракаи пешазинтихоботияш бармегардад.

Бино ба иттилои Кохи сафед, Трамп кори худро аз бемористон пеш мебарад ва барои ин дар онҷо утоқи махсуси муҷаҳҳаз фароҳам аст.

То интихоботи навбатии президентии ИМА, ки 3 ноябр баргузор мешавад, камтар аз як моҳ монд. Бемории ногаҳонии Трамп, зарбае ба маъракаи интихоботиаш аст ва дигарбора масъалаи пандемия ва амалкардҳои ӯ барои мубориза бо бемориро барҷаста мекунад. Доналд Трамп аввалҳо мегуфт, ки пандемия масъалаи зиёд бузурге нест. Коронавируси нав то кунун ба 7 миллион нафар дар Амрико сироят карда ва бештар аз 200 000 нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG