Мақомоти пулиси ноҳияи Асакини Андиҷони Убекистон гуфтанд, баъди тафтиши пешакӣ муайян шуд, ки озори ҷинсӣ нисбати ноболиғ ҷо доштааст. Ба иттилои пулис, тафтиш ба поён расида, парванда ба ихтиёри додситонӣ гузошта шудааст.
Ба иттилои тафтишот, далелҳои кофие ҷамъоварӣ шудааст, ки барои боз кадани парванда бо моддаи "Озори ҷинсӣ нисбати афроде, ки ба синни 16 нарасидаанд", басанда ҳастанд.
Як манбаъ гуфт, гумонбар айби эъломшударо эътироф кардааст.
Рӯзи 4 сентябр марди 31-солаи сокини ноҳияи Асакин ду духтарчаи 6 ва 7-соларо бо баҳонаи шикори харгӯш ба саҳро бурда, нисбаташон озори ҷинсӣ раво дидааст.
Сокинони маҳаллӣ гумонбарро дар ҷои ҳодиса боздошт кардаанд. Аммо падари яке аз озордиҳаҳо гуфт, марди гумонбар ҳамоно дар озодист.