Ссылки доступа

Мухолифони Қирғизистон натиҷаи интихоботро қабул надоранд


Дар интихоботи порлумонии ахири Қирғизистон танҳо чаҳор ҳизб тавонистанд раъйи заруриеро ба даст оранд, ки барои ворид шудан ба порлумон лозим аст. Мухолифон мегӯянд, сетои ин ҳизбҳо ба президент Сооронбой Ҷеенбеков наздиканд.

Як қатор нерӯҳои мухолиф гуфтанд, натиҷаҳои интихоботи ахирро қабул надоранд, зеро дар рафти он қонуншиканиҳо сурат гирифта, харидории раъйи мардум низ мушоҳида шудааст.

Ду ҳизб -- "Бир Бол" ва "Ота Макон", ки дар порлумони пешин нақши мухолифи президент Ҷеенбековро мебозиданд, дар ин интихобот натавонистанд раъйи лозимиро ба даст оранд. Раҳбарони онҳо гуфтанд, натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд.

Яке аз ҳизбҳои пирӯз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" аст, ки аз нигоҳи дарсади овозҳои ба даст овардааш дар мақоми дувум меистад ва онро ба хонаводаи бонуфузи муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов рабт медиҳанд.

Ҳизби "Ота-Макон" интихоботи нави порлумонии Қирғизистонро "ифлостарин интихобот" дар таърихи он кишвар номида, гуфт, бекор кардани натиҷаҳоро талаб мекунад. Дар ин бора аъзои ҳизб Рискелдӣ Момбеков, Жанарбек Акаев ва Тилек Токтогазиев хабар доданд.

Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд. Дар он 16 ҳизб рақобат карданд. Тиқби иттилои пешакӣ, ба порлумони Қирғизистон танҳо чор ҳизб - "Биримдик" (24.52%), "Мекеним Қирғизистон" (23.91%), "Қирғизистон" (8.74%) ва "Бутун Қирғизистон" (7.08%) роҳ ёфтанд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзҳои наздик эълом мешавад. Мухолифон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки дар эътироз ба қонуншиканиҳо дар интихобот тазоҳурот баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG