Ссылки доступа

Гирдиҳамоии норозиён аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон (видео)


Намояндагони ҳизбҳои сиёсии "Ота Макон", "Республика", "Бир Бол" ва "Замондош" дар Қирғизистон бо норозигӣ аз натҷиаҳои интихоботи порлумонии он кишвар ба кӯчаҳо баромаданд.

Тазоҳуроти асосӣ рӯзи 5-уми октябр дар назди бинои Театри опера ва балет дар шаҳри Бишкек ҷараён гирифт. Интихобот рӯзи 4-уми октябр баргузор шуд.

Гирдиҳамомадагон талаб доранд, ки натиҷаҳои интихобот бекор ва интихоботи нав эълом карда шавад. Ба гуфтаи ҷамъомадагон, интихобот "ифлос" буд ва аз сокинон даъват карданд, ки дар саросари кишвар ба майдонҳо бароянд.

Дар ҳамин ҳол, дар майдони марказии шаҳри Бишкек низ 5 ҳизби сиёсӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ҳизбҳои сиёсии "Реформа", "Мекен Интимагӣ", "Ҷон казат", "Ийман Нурӣ" ва "Ордо" бо имзои қатъномае эълом карданд, ки натиҷаҳои интихоботро намепазиранд.

Ҳизби "Реформа" гуфт, то замоне ки талаботи онҳо аз сӯйи мақомот шунидан нашавад, даст аз эътироз барнахоҳанд дошт.

Рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ба 120 курсии порлумон наздик ба 2 ҳазор номзад аз 16 ҳизби сиёсӣ даъво доштанд.

Комиссияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки танҳо чаҳор ҳизби сиёсӣ садди 7-дарсадиро гузаштаанд:

  • "Биримдик" - 24,5%
  • "Мекеним Қирғизистон" - 23,88%
  • "Қирғизистон" - 8,76%
  • "Бутун Қирғизистон" - 7,13%.

Чанд ҳизби сиёсӣ хабар доданд, ки натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунанд ва ба гирдиҳамоӣ мепайванданд.

XS
SM
MD
LG