Ссылки доступа

Омурбек Суваналиев фаъолияти қудратиҳои Қирғизистонро ҳамоҳанг мекунад


Номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Омурбек Суваналиев гуфт, дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард.

Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, симати муовинии котиби Шӯрои амнияти Қирғизистонро дубора бар зимма гирифта, барои назорати тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ аллакай чора меандешад.

"Дар бораи маҳалли будубоши кунунии президент хабар надорам. Аммо ҳоло ба ҳайси муовини котиби Шӯрои амният дар доираи қонун корҳои ин ниҳодро пеш мебарам. Дар ҳоли ҳозир бахши тартибот ва амниятро ҳамоҳанг мекунам. Мелис Турганбоев (номзади дигар ба мақоми вакилӣ аз Ҳизби "Замондош") ба вазифаи худ дар мақоми Хадамоти иҷрои ҷазо баргашт. Вазифаҳои коменданти Бишкекро муваққатан бар зиммаи Курсан Асанов гузоштем", - изҳор дошт Суваналиев.

Асанов ҳамроҳи Суваналиев аз сӯи Ҳизби "Бутун Қирғизистон" ба мақоми ваклии порлумони ин кишвар пешниҳод шуда буданд. Курсан Асанов соли 2019 бо айби "хиёнат ба манфиатҳои милитсия" аз мақоми муовинии вазири умури дохилии Қирғизистон озод ва зиддаш се парванда боз шуда буд, ки ҳоло онҳоро додгоҳ баррасӣ дорад.

Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад, ки иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов, номзад ба мақоми вакилии порлумон аз Ҳизби "Бир Бол" таъйин шудааст.

Дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд. Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб карданд.

XS
SM
MD
LG