Ссылки доступа

Яке аз осебдидаҳои ҳаводиси ахири Бишкек ба ҳалокат расид


Яке аз осебдидаҳои ҳаводиси шаби 6 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистн ба ҳалокат расид. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, "шахсияти марди фавтида номаълум" аст ва ӯ аз ноҳияи сар осеби сахт дида буд.

Ба огаҳии вазорат, табибони Бишкек то субҳи 6 октябр ҷамъан ба 590 кас ёрии аввалияи тиббӣ расонидаанд, ки 439 нафарашон баъди дарёфти кумаки тиббӣ аз беморхона рухсат шуданд.

Шумори бистаришудаҳо ба 150 расида, 13 касашон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки дар миёни осебдидагон табибон, аз ҷумла кормандони "ёрии таъҷилӣ"-и Бишкек низ ҳастанд.

Садҳо фаъоли ҷамъиятӣ ва ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 5 октябр бо нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд.

Пулис шоми 5 октябр талош кард, ҷамъомадагонро пароканда созад. Эътирозгарон муқовимат нишон дода, бинои ҳукумат, порлумон ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро "ғасб" карданд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар пайи ин ҳаводис бо нашри изҳороте изҳори умедворӣ кард, ки нерӯҳои сиёсӣ "сулҳ ва субот" дар он кишварро ҳифз хоҳанд кард. Сухангӯи вай Толгонай Стамалиева хабар дод, ки президенти Қирғизистон вазъро назорат дорад. Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши Ҷеенбеков маълум нест, вале сухангӯяш бовар кунонд, ки ӯ дар Қирғизистон аст.

Дар Қирғизистон 4 октябр бо иштироки 16 ҳизби сиёсӣ интихоботи порлумонӣ баргузор гашт. Мақомот гуфтанд, танҳо чор ҳизб ба порлумон роҳ ёфт. Дар натиҷа ҳизбҳои боқӣ норозигии худро ба натиҷаҳо эълом ва ҷонибдоронашонро ба тазоҳурот даъват карданд.

XS
SM
MD
LG