Ссылки доступа

Изҳороти Шӯрои ҳамоҳангсози ҳизбҳои Қирғизистон: бояд ба маҷрои ҳуқуқ баргашт


Шӯрои ҳамоҳангсози ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон, ки аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ розӣ нестанд, изҳорот нашр карданд.

Раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров гуфт, шӯрои ҳамоҳангсоз аз сӯи ҳизбҳое таъсис шуд, ки ахиран норозигии худро аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбеи 4 октябр изҳор доштанд.

"Дар поёни гуфтугӯҳо барои баҳо додани вазъи кунунӣ ва таъйини роҳи бурунрафт аз ин вазъият шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис шуд. Бояд пеши роҳи демократияи кӯчакӣ гирифта шавад. Ҳоло порлумони қонунӣ мавҷуд аст, ба ҳамин хотир бояд вакилон ҷамъ шаванд ва роҳбарияти худро иваз кунанд, истеъфои ҳукуматро пазиранд ва ҳукумати мардумиро эътироф намоянд. Он замон мо ба маҷрои қонунӣ бармегардем", - гуфт Мадумаров.

Вай афзуд, ки дари шӯрои ҳамоҳангсоз барои неруҳои дигари сиёсӣ боз аст.

Дар ин мулоқот раиси пешини ҳизби "Республика" Омурбек Бабанов, намояндаи ҳизби "Ота Макон" Жанарбек Акаев ва дигар сиёсатмадорон ширкат доштанд.

Рӯзи 5 октябр дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек эътирози бидуни муҳлати сокиноне шуруъ шуд, ки аз натиҷаҳои интихобот норозӣ буданд. Ширкатдорони эътироз талаб доштанд, ки натиҷаҳои интихобот бекор ва раъйдиҳии нав таъйин шавад.

Наздики соати 9 шаб ширкатдорони эътироз дарвозаҳои "Кохи сафед"-и Қирғизистонро шикастанд. Пулис ба пароканда кардани эътирозгарон шуруъ кард. Баъди нисфишаби 6 октябр эътирозгарон "Кохи сафед", бинои КДАМ ва телевизиони давлатиро "ғасб" карданд.

Интизор меравад, порлумони амалкунандаи Қирғизистон имрӯз ҷаласа баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG