Ссылки доступа

Ҳудуди 700 муҳоҷири узбекро бо автобус ба ватан бармегардонанд


Корвони 15 автобуси ширкати "Узавтотранс сервис"-и назди Вазорати нақлиёти Узбекистон, ки 26 сентябр озими Русия шуда буданд, ҳудуди 700 муҳоҷири дармондаи узбекро аз шаҳри Қазон ба ватан бармегардонад.

Бино ба иттилои ширкат, корвони автобусҳо 6 октябр вориди Узбекистон мешавад.

Охирҳои моҳи сентябр хабар дода шуд, ки ҳазорҳо шаҳрванди Узбекистон дар минтақаи марзии Русия бо Қазоқистон дар хаймаҳо қарор дошта, мунтазири боз шудани марзҳо ҳастанд.

Бештари ин муҳоҷирони дармонда дар вилоятҳои Ростов ва Самара буданд. Мақомоти узбек охирҳои моҳи август як қисми онҳо, 1,2 ҳазор нафарро тавассути қатора баргардонданд.

Бино ба қарори мақомоти рус, муҳоҷирони корие, ки ба далели пандемия дар Русия дармонда, ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, метавонанд будубоши худро дар он кишвар бидуни муҷозоте қонунӣ гардонанд.

XS
SM
MD
LG