Ссылки доступа

Ҳамла ба конҳои ангишту тилои Қирғизистон баъди ғасби "Кохи сафед"


Шахсони номаълум баъди ғасб шудани "Кохи сафед" дар шаҳри Бишкек ба конҳо ва ширкатҳои истихроҷкунандаи онҳо дар минтақаҳои гуногуни Қирғизистон ҳамла кардаанд.

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, субҳи дирӯз афроди номаълум ба кони "Ҷеруй"-и вилояти Талас ҳамла карда, анбор, коргоҳ ва техникаҳои ширкати "Алянс Олтин"-ро, ки марбут ба ширкати русии "Русская платина" аст, оташ задаанд.

Ширкати давлатии "Қирғизкомур" хабар дод, ки дар вилояти Норини Қирғизистон низ беш аз 100 нафар кони ангишти "Қара-Кече"-ро ғасб кардаанд. "Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳамла ва ғасби конро соҳибнуфузи олами ҷиноӣ М. Қодирқулов, ки бо лақаби "Саяк" маъруф аст, ташкил кардааст. Ҳамлагарон аз хазинаи маъмурияти кон пулҳои нақдинаро низ ба маблағи ним миллион сом гирифтаанд", - афзуд "Қирғизкомур".

"Қирғизкомур" ҳушдор додааст, ки ғасби ангиштҳо метавонад ба омодагиҳо барои фасли сармо таъсири манфӣ расонад. Раҳбарияти ширкат аз Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсози Қирғизистон хостааст, чора биандешанд.

Дар ноҳияи Алабукини вилояти Ҷалолобод низ ширкати "КАЗ Минералз Бозимчак" дар пайи ғасб шудани техникаҳояш аз сӯи сокинони маҳаллӣ корҳои истихроҷиро қатъ кардааст. Бино ба хабари расонаҳо, ҳудуди 300-400 сокини Алабукин ба кони тилои Иштамбердӣ ҳамла кардаанд. Ин кон дар ихтиёри ширкати чинии "Фул Голд Майнинг" буд.

Дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд. Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб карданд.

Расонаҳо 6 октябр аз ғасби корхонаҳои давлатӣ, конҳо ва маъмуриятҳои ноҳиявию вилоятӣ дар Қирғизистон хабар доданд.

XS
SM
MD
LG