Ссылки доступа

Uzbekistan airways аз Қазону Самараи Русия ба шаҳри Тошканд парвозҳои чартерии иловагӣ ташкил мекунад


Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон "Uzbekistan Airways" хабар дод, ки рӯзҳои 9 ва 10 октябр аз шаҳрҳои Қазону Самараи Русия ба шаҳри Тошканд парвозҳои иловагии чартерӣ ташкил карда хоҳад шуд.

"Мусофироне, ки нияти парвоз бо ин ҳавопаймоҳоро доранд, бояд ташхиси мубтало набудан ба вабои коронавирусро бо худ дошта бошанд. Касоне, ки ин санадро надоранд, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд", - хабар додааст Uzbekistan Airways.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки Узбекистон сар аз 1 октябр рафту омади байналхалқиро тавассути ҳама навъи нақлиёт ба роҳ мемонад.

Бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус Узбекистон аз 16 март парвозҳои байналхалқиро қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG