Ссылки доступа

Раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод


Раиси порлумони Қирғизистон Достон Ҷумабеков ба истеъфо рафт, хабар медиҳанд расонаҳо.

Вакилони порлумон дар ҷаласаи ғайринавбатӣ истеъфои ӯро қабул карданд. Дар ҷаласаи ғайринавбатӣ бештар аз 20 вакил ширкат дошт, аммо вакилони дигар ваколаташонро ба ҳамкорони худ дода буданд.

Вакилони Қирғизистон ҳамзамон раиси нави порлумонро интихоб карданд. Ба курсии раисии порлумон вакили ҳизби "Бир Бол" Миктибек Абдилдаев нишаст.

Ба иттилои расонаҳо, сарвазири амалкунандаи он кишвар Қуботбек Боронов ҳам ба истеъфо рафт.

Раиси нави порлумон гуфт, эътилофи аксарияти порлумонӣ Содир Жапаровро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кардааст. Жапаров бояд барнома, сохтор ва аъзои ҳукумати навро ба порлумон пешниҳод кунад. То замони тасдиқ шудани мақомаш аз сӯи порлумон, Жапаров иҷрокунандаи вазифаи сарвазир хоҳад буд.

Жапаровро дар соли 2017 бо айби ташкили бетартибиҳо дар Қароқул ва ба асорат гирифтани раиси вақти Қароқул айбдор ва 11 сол зиндонӣ карда буданд.

Дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд. Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб карданд.

Эътирозгарон ҳамчунин сиёсатмадорони зиндонӣ, президенти пешин Алмосбек Отамбоев, сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва собиқ вакилони порлумон Содир Жапарову Равшан Ҷеенбековро озод карданд.

XS
SM
MD
LG